Гузаштан ба мундариҷа

Лоиҳаи Салиҳин · Вақф

ВАҚФ —хайри ҷория, савоби бардавом

Вақф дар луғат маънои «боздоштан» ва «нигоҳ доштан»-ро дорад. Дар шариат, Вақф ин аст, ки шахс асли мол ё дороии худро бозмедорад ва барои ҳамеша ба роҳи хайр мебахшад, ба тавре ки он дигар фурӯхта, ҳадя ё ба мерос гузошта намешавад. Манфиат ё даромади он бошад, барои ризои Худованд ба корҳои хайриявӣ, иҷтимоӣ ва дигар манфиатҳои умумӣ равона мегардад.

Садақа ва Вақф: тафовут дар чист?

Садақа

Моли Садақашуда метавонад дарҳол сарф шавад.

  • Моли Садақашуда метавонад дарҳол сарф шавад; масалан, барои хӯрок, либос ё дигар ниёзҳо.
  • Савоби Садақа одатан ба амали хайр ва манфиате, ки аз он ба вуҷуд меояд, вобаста аст.
  • Мафҳуми «Садақа» васеъ аст ва метавонад маблағ, мол, хӯрок, либос ё дигар навъҳои кӯмакро дар бар гирад.

Вақф

Моли Вақфшуда ҳифз ва нигоҳ дошта мешавад.

  • Моли Вақфшуда ҳифз ва нигоҳ дошта мешавад: он фурӯхта, ҳадя ё ба мерос гузошта намешавад.
  • Манфиат ё даромади он пайваста ба корҳои хайр равона мегардад.
  • Вақф яке аз намунаҳои маъруфи Садақаи Ҷория мебошад, зеро манфиат ва савоби он метавонад солҳои дароз идома ёбад.

Ба ибораи дигар: дар Садақа худи чиз дода мешавад, дар Вақф бошад — сарчашмаи доимии манфиат ё даромади он ба самтҳои хайр равона карда мешавад.

Асоси шариатӣ

Вақф дар шариат ба чӣ асос ёфтааст

Вақфро ҳамчун амали хайр ва тавсияшуда бо гуфтор, рафтор ва роҳнамоиҳои Паёмбар ﷺ асос меёбанд. Оятҳои Қуръон дар бораи инфоқ, хайр ва сарф кардани мол дар роҳи Худо ба таври умумӣ омадааст. Аз ин рӯ, оятҳо бештар ҳамчун асоси умумии шаръӣ оварда мешаванд, на ҳамчун таърифи мустақими Вақф.

Қуръон, 2:261 (сураи «Бақара»)

Маъно

Мисоли касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо харҷ мекунанд, ба монанди донаест, ки ҳафт хӯша бароварад ва дар ҳар хӯшае сад дона бошад. Ва Худованд подоши ҳар киро, ки бихоҳад, чанд баробар афзун мекунад ва Худованд кушодафазлу доно аст.

Тасвири донае, ки бисёр самара медиҳад, ба ғояи манфиати доимии Вақф наздик аст.

Қуръон, 2:262 (сураи «Бақара»)

Маъно

Касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо инфоқ менамоянд ва аз пайи инфоқи худ миннату озоре намерасонанд, ба яқин, подоши онҳо дар назди Парвардигорашон аст ва тарсе бар онҳо нест ва онҳо андӯҳгин нашаванд.

Шарти некии инфоқ: бидуни миннату озор расонидан.

Қуръон, 3:92 (сураи «Оли Имрон»)

Маъно

Ҳаргиз ба (мақоми) некӯӣ нахоҳед расид, то он ки аз он чи дӯст медоред, инфоқ (харҷ) намоед. Ва ҳар чизе инфоқ намоед, Худо, ҳатман, ба он огоҳ аст.

Меъёри некии ҳақиқӣ: бахшидани он чи барои худ азиз аст.

Қуръон, 5:2 (сураи «Моида»)

Маъно

Ва ҳамдигарро бо некӯкорӣ ва парҳезгорӣ мадад кунед ва дар корҳои гуноҳ ва ситам ҳамкорӣ накунед.

Асоси ҳамкории умумӣ дар корҳои нек.

Қуръон, 73:20 (сураи «Муззаммил»)

Маъно

Ва ҳар амали некеро, ки барои худ пешопеш мефиристед, онро назди Худованд хоҳед ёфт, ки он аз рӯйи аҷр беҳтар ва бузургтар аст.

Амали нек ҳамчун сармояи пешфиристода барои охират.

Саволҳои маъмулӣ

Саволҳои маъмулӣ оиди Вақф

Вақф чист?

Вақф — ҳифз ва нигоҳ доштани асли мол ва равона кардани манфиат ё даромади он ба корҳои хайр барои ризои Худо мебошад. «Асли мол» дороиест, ки худи он ҳифз шуда, аз манфиаташ истифода бурдан мумкин аст, ба монанди хона, дукон, замин, боғ. Одатан, моли Вақфшуда фурӯхта, ҳадя, гарав ё ба мерос гузошта намешавад.

Асоси шаръии Вақф чист?

Вақф пеш аз ҳама бар гуфтаҳои Паёмбар ﷺ, амали саҳобагон ва пазируфта шудани он аз ҷониби донишмандон асос меёбад. Дар Қуръон калимаи «Вақф» ба ин маъно мустақиман зикр нашудааст, аммо оятҳои зиёде мардумро ба инфоқ, садақа, корҳои хайр ва сарф кардани мол дар роҳи Худо ташвиқ мекунанд. Аз ҳамин рӯ, Қуръон заминаи умумӣ ва шаръии Вақфро фароҳам месозад.

Вақфи доимӣ ва муваққатӣ чист?

Вақфи доимӣ барои ҳамеша таъсис дода мешавад: асли мол ҳифз шуда, манфиати он пайваста ба корҳои хайр равона мегардад. Вақфи муваққатӣ барои муҳлати муайян таъсис дода мешавад; пас аз анҷоми муҳлат, мол тибқи шартҳои Вақфкунанда ба соҳибаш ё шахси муайяншуда баргардонида мешавад.

Вақф аз Садақа чӣ фарқ дорад?

Дар Садақа худи мол ё маблағ ба шахси дигар дода мешавад ва метавонад фавран истифода ё сарф гардад. Дар Вақф бошад, асли мол ҳифз шуда, манфиат ё даромади он ба корҳои хайр равона мегардад. Аз ин рӯ, Вақф яке аз намунаҳои маъруфи Садақаи Ҷория — хайри бардавом — ба ҳисоб меравад.

Кадом намуди молу дороиҳоро Вақф кардан мумкин аст?

Дороие, ки асли он ҳифз шуда, аз он манфиат гирифтан мумкин бошад, метавонад Вақф карда шавад: хона, дукон, замин, боғ, чоҳ ва дигар дороиҳои манфиатовар. Моли Вақфшаванда бояд муайян, қонунан дар ихтиёри Вақфкунанда ва барои истифодаи шаръӣ муносиб бошад.

Даромад ва манфиати Вақфро ба кадом ҳадафҳо равона кардан мумкин аст?

Манфиат ва даромади Вақф метавонад ба корҳои хайр, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, таъмини об, дастгирии ниёзмандон ва хешовандон равона карда шавад. Ҳадафи Вақф набояд ба гуноҳ ё кори мамнуъ вобаста бошад. Шартҳои Вақфкунанда низ, то ҷое ки ба шариат мухолиф набошанд, риоя карда мешаванд.

Оё дар бораи баъзе намудҳои Вақф байни донишмандон ихтилоф вуҷуд дорад?

Асли машрӯъияти Вақф дар миёни донишмандон пазируфта шудааст. Аммо дар баъзе масъалаҳои ҷузъӣ — намуди мол, тарзи идоракунӣ ва баъзе шаклҳои Вақф — байни мазҳабҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад. Ин ихтилофҳо ба асли машрӯъият ва фазилати Вақф халал намерасонанд.

Шартҳои асосии Вақф кадоманд?

Вақфкунанда дорои ҳуқуқи тасарруф дар мол бошад; моли Вақф муайян ва манфиатовар бошад; ҳадафи Вақф шаръӣ ва нек бошад; шартҳои Вақф равшан бошанд; Вақф мувофиқи талаботи шариат таъсис ва идора карда шавад. Тафсилоти баъзе шартҳо вобаста ба мазҳаби фиқҳӣ метавонад фарқ кунад.

Ният дар Вақф чӣ нақш дорад?

Вақф амали хайр ва наздикӣ ба Худованд аст. Аз ин рӯ, ният ва ҳадафи нек дар он аҳамияти муҳим доранд. Вақфкунанда бояд нияти хайр дошта бошад ва манфиати Вақфро ба роҳи ҳалол ва судманд равона намояд.

Вақфро кӣ идора мекунад?

Вақфкунанда метавонад шахс ё ташкилотеро ҳамчун «Нозир ё Мутаваллӣ» барои идора кардани Вақф таъин намояд. Нозир амонатдор ва масъули дороиҳои Вақф буда, вазифадор аст онҳоро ҳифз, дуруст идора ва тибқи шартҳои Вақф ва талаботи шариат пеш барад. Агар Нозир таъин нашуда бошад, тарзи идоракунӣ тибқи санади Вақф ва қонунгузории амалкунанда муайян карда мешавад.

Оё Вақфи пулӣ/нақдӣ иҷозат аст?

Дар мавриди Вақфи пулӣ/нақдӣ миёни донишмандони пешин баъзе ихтилофоти назар вуҷуд дошт. Имрӯз Вақфи пулӣ аз ҷониби бисёре аз донишмандон ва муассисаҳои муосири фиқҳӣ бо риояи шартҳои шаръӣ ҷоиз дониста мешавад: асли маблағ ҳифз ё ба таври муносиб сармоягузорӣ шуда, манфиат ё даромади он ба ҳадафҳои Вақф равона мегардад.

Маълумоти бештарро аз куҷо гирифтан мумкин аст?

Барои омӯзиши бештар метавон ба китобҳои фиқҳии Вақф, таҳқиқоти муосир ва стандартҳои AAOIFI вобаста ба Вақф муроҷиат намуд. Ин манбаъҳо масъалаҳои таъсис, идоракунӣ, сармоягузорӣ, ҳифзи дороиҳо ва тақсими манфиати Вақфро муфассал шарҳ медиҳанд.

Чӣ тавр кор мекунад

Лоиҳаи Вақфи «Солиҳин» чӣ гуна амал мекунад?

Панҷ қадам аз ҷамъоварӣ то манфиати иҷтимоӣ

  1. 1

    Ҷамъоварии дороиҳои Вақф

    Ташаккули асос

    Лоиҳаи Вақфи ташкилоти «Солиҳин» аз ҳисоби маблағ ва дороиҳое ташаккул меёбад, ки шахсони алоҳида ва ташкилотҳо ба Вақф мебахшанд. Шахсони алоҳида ва ташкилотҳо метавонанд дороиҳои гуногун, аз ҷумла хона, дукон, замин, боғ, чоҳ ва маблағро ба Вақф бахшанд.

  2. 2

    Нигоҳдории дороиҳои Вақф

    Ҳифзи асос

    Мол ва дороиҳои Вақфшуда барои манфиати умум нигоҳ дошта мешаванд. Онҳоро фурӯхтан, ҳадя кардан ё ба мерос гузоштан мумкин нест. Аз ин рӯ, Вақф метавонад солҳои зиёд ҳамчун сарчашмаи бардавоми хайр ва манфиат боқӣ монад.

  3. 3

    Идоракунии боэътимод ва бомасъулият

    Амонат

    Дороиҳои Вақф бо масъулият, эҳтиёт ва шаффофият ҳифз ва идора мешаванд. Амволи Вақф амонат аст. Аз ин рӯ, он бояд бо масъулияти баланд идора шуда, талабот ва принсипҳои шариат дар тамоми раванд риоя карда шаванд.

  4. 4

    Манфиат ва даромад

    Сармоягузорӣ

    Дороиҳои Вақф ба таври масъулона ва мутобиқ ба шариат идора ва сармоягузорӣ мешаванд. Қисме аз фоидаи бадастомада метавонад дубора ба дороиҳои Вақф илова ё сармоягузорӣ шавад, то арзиш ва қобилияти даромаднокии Вақф нигоҳ дошта шуда, бо мурури замон дороиҳои он коҳиш наёбанд ва устувории Вақф таъмин гардад.

  5. 5

    Идомаи манфиати иҷтимоӣ

    Натиҷа

    Даромад ва манфиате, ки аз дороиҳои Вақф ба даст меояд, ба барномаҳои хайриявӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла дастгирии ятимхонаҳо, хонаи пиронсолон, соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар ниёзҳои ҷомеа равона карда мешавад. Бо ҳамин тартиб, дороиҳои Вақфшуда метавонад солҳои зиёд ба мардум манфиат расонад ва ба хайри ҷория табдил ёбад.

Манфиат

Чаро Вақф муҳим аст?

Моҳияти Вақф дар он аст, ки манфиати кори хайр бо як кумак ба анҷом нарасад, балки муддати дароз идома ёбад. Аз ин рӯ, дар тӯли таърих Вақфҳо барои таъмини об, рушди илму маориф, тандурустӣ ва дастгирии ниёзмандон нақши муҳим доштаанд.

  • Хайри бардавом

    Манфиат ва савоби он метавонад солҳои зиёд идома ёбад.

  • Ҳифзи асли мол

    Дороии Вақф нигоҳ дошта шуда, манфиат ё даромади он истифода мешавад.

  • Манбаи устувори хайр

    Барои корҳои иҷтимоӣ ва хайриявӣ сарчашмаи доимии маблағ фароҳам меорад.

  • Дастгирии ҷомеа

    Ба маориф, тандурустӣ, ниёзмандон ва дигар эҳтиёҷоти иҷтимоӣ кумак мерасонад.

  • Рушди иқтисодӣ

    Дороиҳои Вақф метавонанд мутобиқ ба шариат сармоягузорӣ шуда, даромад ва ҷойҳои корӣ ба вуҷуд оранд.

  • Кумак ба ҳамдигар

    Фарҳанги хайр, масъулияти иҷтимоӣ ва кумак ба якдигарро тақвият медиҳад.

Самтҳои Вақф

Самтҳои Вақф пас аз тасдиқ нашр карда мешаванд

Мо самтҳоеро, ки ташкилот ҳанӯз тасдиқ накардааст, нишон намедиҳем. Вақте ки онҳо тасдиқ шаванд, дар ин ҷо ҳадафҳои мушаххас, тавсиф ва истинодҳо ба ҳисоботҳо пайдо мешаванд.

Нишондиҳандаҳои Вақф

Дар ин ҷо рақамҳои тасдиқшуда пайдо мешаванд. Мо ба ҷои маълумоти воқеӣ баҳо ва пешгӯӣ нашр намекунем.

  • Объектҳои Вақф

    Маълумот омода мешавад

  • Ба ҳадафҳо равона шуд

    Маълумот омода мешавад

  • Баҳраварони манфиат

    Маълумот омода мешавад

  • Давраи ҳисоботӣ

    Маълумот омода мешавад

Дастгирӣ

Вақфро дастгирӣ кунед

Роҳи мувофиқро интихоб кунед. Пардохт дар сомонаи расмии Салиҳин анҷом меёбад — реквизитҳоро мо такрор ва тағйир намедиҳем.

Роҳро интихоб кунед

QR ва ҳамёни Alif Mobi маҳз ба лоиҳаи Вақф тааллуқ доранд. Ҳангоми пардохт номи гиранда — ТҶБХ «Салиҳин»-ро санҷед.

QR рамзи ягона

Бо ҳар барномаи бонкии Тоҷикистон кор мекунад

QR рамзи ягона

Камераи барномаи бонкиро ба QR-код нигоҳ доред — рамзи ягонаи Вақф

Бо барномаҳои бонкӣ кор мекунад

Alif MobiDC WalletEskhataAmonatbonk