
Закоти мол
Закоти шумо — ба дасти ҳақдор.
Расонидани закоти амонатии мардум ба шахсони воқеан ниёзманд ва ҳақдори закот дар шаҳрҳо ва деҳоти дурдаст бо шаффофият ва масъулият.
Дар бораи лоиҳа
«Закоти боэътимод» — иқдоми хайриявӣ барои қабули закоти мардум ва расонидани он ба шахсони воқеан ниёзманду ҳақдори закот мебошад. Мо ниёзмандонро меомӯзем, вазъи онҳоро месанҷем ва кӯшиш мекунем закот ба нафароне расад, ки воқеан ба он эҳтиёҷ доранд, аз ҷумла оилаҳои камбизоат ва сокинони деҳоти дурдаст.
Шахсоне, ки мехоҳанд закоти худро мустақилона ба ниёзмандон расонанд, метавонанд аз мо рӯйхати шахсони муайяншудаи ниёзмандро дархост намуда, пеш аз супоридани закот шахсан рафта вазъи онҳоро бубинанд ва баъдан закоти худро ба онҳо расонанд. Агар закот ба мо ҳамчун амонат супорида шавад, мо онро ба ҳақдорон расонида, ҳисоботи шаффоф пешниҳод менамоем.
Хароҷоти роҳ, сафар ва дигар хароҷоти вобаста ба расонидани кӯмак аз ҷониби худи мо таъмин карда мешавад, то маблағи закоти мардум ба қадри имкон пурра ба дасти ниёзмандон бирасад.
Паёмбар ﷺ ба Муъоз ибни Ҷабал ҳангоми фиристоданаш ба Яман фармуданд, ки ба мардум хабар диҳад, ки Аллоҳ бар онҳо садақаеро фарз кардааст, ки «аз сарватмандони онҳо гирифта шуда, ба фақирони онҳо дода мешавад». (Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1395; Саҳеҳ Муслим, 19)
Аз ин рӯ, мо закотро на танҳо ҳамчун маблағ, балки ҳамчун амонати шаръӣ қабул мекунем. Ҳадафи мо ин аст, ки ин амонат бо масъулият, эҳтиёткорӣ ва шаффофият ба шахсони ҳақдор расад.
Закоти боэътимод — амонати шумо, ҳаққи ниёзмандон, масъулияти мо.
Тарзи кор
Аз ниёз то ҳисобот
Ҳар як лоиҳа аз чор марҳилаи возеҳ мегузарад — то шумо бидонед, ки маблағи шумо ба куҷо мерасад.
- 01
Шинохти ниёз
Тавассути имомони маҳаллӣ, шарикон ва аризаҳо мушкилиро мушаххас мекунем.
- 02
Санҷиш ва арзёбӣ
Ба маҳал ташриф меорем, ҳолатро аз наздик мебинем ва арзёбӣ мекунем.
- 03
Иҷро бо шарикони маҳаллӣ
Кор дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ анҷом мешавад.
- 04
Ҳисобот ба хайрхоҳон
Аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва натиҷаро дар ҳисоботи ин лоиҳа мубодила мекунем.
Таъсир
100% ба лоиҳа мерасад
Ҳар сомонии шумо мустақим ба ҳамин лоиҳа равона мешавад. Хароҷоти маъмурӣ пурра аз ҷониби шарикони ширкатӣ пӯшонида мешавад.