
Ёрии бе марз
Ҳадафи лоиҳа расонидани кӯмак ба инсонҳои воқеан ниёзмандест, ки бинобар мушкилоти зиндагӣ, беморӣ, пирӣ, аз даст додани манбаи даромад ё дигар ҳолатҳои душвор ба дастгирӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар бораи лоиҳа
иқдоми башардӯстонаи Салиҳин барои дастгирии инсонҳои воқеан ниёзманд, новобаста аз миллат, нажод, забон, дин, мазҳаб ё расму оин. Мо ба бандагони Худованд дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ дасти ёрӣ дароз намуда, ба онҳое кумак мерасонем, ки имрӯз муҳтоҷу ниёзманд шудаанд.
Видео
Лоиҳа ба чашми худ
Тарзи кор
Аз ниёз то ҳисобот
Ҳар як лоиҳа аз чор марҳилаи возеҳ мегузарад — то шумо бидонед, ки маблағи шумо ба куҷо мерасад.
- 01
Шинохти ниёз
Тавассути имомони маҳаллӣ, шарикон ва аризаҳо мушкилиро мушаххас мекунем.
- 02
Санҷиш ва арзёбӣ
Ба маҳал ташриф меорем, ҳолатро аз наздик мебинем ва арзёбӣ мекунем.
- 03
Иҷро бо шарикони маҳаллӣ
Кор дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ анҷом мешавад.
- 04
Ҳисобот ба хайрхоҳон
Аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва натиҷаро дар ҳисоботи ин лоиҳа мубодила мекунем.
Таъсир
100% ба лоиҳа мерасад
Ҳар сомонии шумо мустақим ба ҳамин лоиҳа равона мешавад. Хароҷоти маъмурӣ пурра аз ҷониби шарикони ширкатӣ пӯшонида мешавад.