Гузаштан ба мундариҷа
Ба лоиҳаҳо
Тозагии Ватан
Лоиҳа

Тозагии Ватан

— иқдоми иҷтимоӣ ва хайриявии Салиҳин барои қадрдонӣ аз заҳмати кормандони соҳаи тозагӣ, бахусус роҳрӯбҳо ва хизматчиёни коммуналӣ мебошад, ки дар шароити душвор шабу рӯз барои тозаву обод нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо меҳнат мекунанд.

Дар бораи лоиҳа

Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани эҳтироми ҷомеа ба меҳнати ҳалол, дастгирии моддию маънавии роҳрӯбҳо ва дигар кормандони соҳаи тозагӣ ва ҳамзамон тарбияи фарҳанги тозагӣ дар байни мардум мебошад.

Ин лоиҳа танҳо барои расонидани кӯмак ба кормандони соҳаи тозагӣ нест. Мо мехоҳем таваҷҷуҳи ҷомеаро ба меҳнати онҳое ҷалб кунем, ки ҳар рӯз пеш аз бедор шудани мо ба кӯча мебароянд ва баъд аз рафтани мо низ барои тоза нигоҳ доштани шаҳр меҳнат мекунанд.

Дар доираи лоиҳа ба кормандони ниёзманд кӯмаки моддӣ расонида шуда, ҳамзамон маъракаҳои тарбиявию иҷтимоӣ баргузор мегарданд, то мардум бештар ба тозагӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба меҳнати дигарон аҳамият диҳанд.

Мо бовар дорем, ки тозагии шаҳр танҳо вазифаи роҳрӯбҳо нест. Ҳар як шаҳрванд бояд дар тозагии маҳалла, кӯча ва Ватани худ саҳмгузор бошад.

Яъне:

Мо танҳо ба роҳрӯбҳо кӯмак намекунем — мо мехоҳем эҳтироми меҳнати ҳалолро бедор ва фарҳанги тозагиро дар ҷомеа қавӣ созем.

Тозагии Ватан аз тозагии ҳар яки мо оғоз мешавад.

Тарзи кор

Аз ниёз то ҳисобот

Ҳар як лоиҳа аз чор марҳилаи возеҳ мегузарад — то шумо бидонед, ки маблағи шумо ба куҷо мерасад.

  1. 01

    Шинохти ниёз

    Тавассути имомони маҳаллӣ, шарикон ва аризаҳо мушкилиро мушаххас мекунем.

  2. 02

    Санҷиш ва арзёбӣ

    Ба маҳал ташриф меорем, ҳолатро аз наздик мебинем ва арзёбӣ мекунем.

  3. 03

    Иҷро бо шарикони маҳаллӣ

    Кор дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ анҷом мешавад.

  4. 04

    Ҳисобот ба хайрхоҳон

    Аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва натиҷаро дар ҳисоботи ин лоиҳа мубодила мекунем.

Таъсир

100% ба лоиҳа мерасад

Ҳар сомонии шумо мустақим ба ҳамин лоиҳа равона мешавад. Хароҷоти маъмурӣ пурра аз ҷониби шарикони ширкатӣ пӯшонида мешавад.

Ҳисоботи молиявиро дидан