Гузаштан ба мундариҷа
Ба лоиҳаҳо
Тақсимоти Рамазонӣ
Лоиҳа

Тақсимоти Рамазонӣ

— иқдоми хайриявии Салиҳин барои дастгирии оилаҳои ниёзманд дар моҳи мубораки Рамазон мебошад. Мо мекӯшем дастархони Рамазонии оилаҳои камбизоатро бо маводи ғизоии зарурӣ пур намуда, дар рӯзҳои мубораки ин моҳ онҳоро аз ниёзҳои муҳимашон то ҳадди имкон раҳо созем.

Дар бораи лоиҳа

Ҳадафи лоиҳа расонидани кӯмаки мақсаднок ба оилаҳои воқеан ниёзманд дар моҳи Рамазон мебошад, то онҳо тавонанд бо хотири ҷамъ рӯза дошта, барои саҳарӣ ва ифтор маводи зарурии ғизоӣ дошта бошанд. Кӯмакҳо вобаста ба ниёзи ҳар як оила метавонанд шакли наборҳои маҳсулоти ғизоӣ, ашёи зарурии рӯзгор ва ё таҷҳизоти муҳими хонаводагиро дошта бошанд. Дар доираи лоиҳа, масалан, дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Носири Хусрав ба 200 оилаи ниёзманд кӯмак расонида шуд. Ба онҳо 200 маҷмӯаи маҳсулоти ғизоӣ тақсим гардида, инчунин вобаста ба эҳтиёҷ мошини ҷомашӯӣ, мошини нонпазӣ, яхдон, скутер, телевизор, духовка ва дигар ашёи зарурӣ тақдим карда шуд. Мо мекӯшем, ки кӯмаки Рамазонӣ танҳо як баста маҳсулот набошад, балки то ҳадди имкон ниёзи воқеии ҳар як оила ба назар гирифта шавад. Рамазон моҳи раҳмат, саховат ва ҳамдардӣ аст. Кумак ба рӯзадорон, фароҳам намудани маводи саҳарӣ ва ифтор ва осон кардани зиндагии оилаҳои ниёзманд метавонад аз амалҳои пурфазилати ин моҳи муборак бошад. Яъне: Дастархони як оилаи ниёзмандро дар Рамазон пур мекунем, то онҳо бо оромӣ рӯза доранд ва баракати ин моҳи муборакро эҳсос кунанд. Аллоҳ аз мову шумо қабул гардонад. 🤲🏻

Тарзи кор

Аз ниёз то ҳисобот

Ҳар як лоиҳа аз чор марҳилаи возеҳ мегузарад — то шумо бидонед, ки маблағи шумо ба куҷо мерасад.

  1. 01

    Шинохти ниёз

    Тавассути имомони маҳаллӣ, шарикон ва аризаҳо мушкилиро мушаххас мекунем.

  2. 02

    Санҷиш ва арзёбӣ

    Ба маҳал ташриф меорем, ҳолатро аз наздик мебинем ва арзёбӣ мекунем.

  3. 03

    Иҷро бо шарикони маҳаллӣ

    Кор дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ анҷом мешавад.

  4. 04

    Ҳисобот ба хайрхоҳон

    Аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва натиҷаро дар ҳисоботи ин лоиҳа мубодила мекунем.

Таъсир

100% ба лоиҳа мерасад

Ҳар сомонии шумо мустақим ба ҳамин лоиҳа равона мешавад. Хароҷоти маъмурӣ пурра аз ҷониби шарикони ширкатӣ пӯшонида мешавад.

Ҳисоботи молиявиро дидан