
Шифои умед
Як кӯмак ба табобат — метавонад умеди як инсонро зинда кунад.
Бунгоҳу беморхона месозем, табобатро дастрас мекунем ва барои ҳифзи ҷони инсонҳо хизмат мерасонем.
Дар бораи лоиҳа
«Шифои умед» — самти хайриявӣ барои сохтмон ва таъмири бунгоҳҳои тиббӣ, беморхонаҳо, хариди таҷҳизот, доруворӣ ва маводи зарурии тиббӣ дар маҳалҳое мебошад, ки мардум ба хизматрасонии тиббӣ ниёз доранд.
Баъзан як бунгоҳи хурди тиббӣ метавонад барои сокинони як деҳаи дурдаст роҳи наҷот бошад. Як таҷҳизоти зарурӣ метавонад ташхиси беморро осон кунад, як дору метавонад дар лаҳзаи зарурӣ ба бемор кумак расонад ва як муассисаи тиббии сохташуда метавонад солҳои зиёд ба ҳазорон нафар хизмат расонад.
Ин танҳо кӯмак ба бемор нест — ин кӯмак ба ҳаёт аст. Ҳар боре ки дар муассисаи сохташуда беморе муоина мешавад, кӯдаке табобат мегирад ё инсон ба ёрии тиббӣ дастрасӣ пайдо мекунад, хайркунанда умедвор аст, ки ин кори хайр назди Аллоҳ сабаби савоби бузург гардад.
Расули Худо ﷺ фармудаанд, ки баъд аз вафоти инсон амали ӯ қатъ мешавад, ғайр аз се чиз, аз ҷумла садақаи ҷория — садақае, ки манфиаташ идома дорад.
Шояд имрӯз шумо дар сохтмони як бунгоҳ саҳм гузоред, аммо фардо дар он ҷо даҳҳо, садҳо ва ҳазорҳо нафар табобат гиранд. Шояд як таҷҳизоте, ки бо садақаи шумо харида шудааст, солҳо ба беморон хизмат кунад. Умед аст, ки то замоне ки мардум аз он баҳра мегиранд, барои шумо низ савоби ин кори хайр идома ёбад.
«Шифои умед» — кӯмак ба инсон имрӯз, умеди савоби ҷория барои фардо.
Тарзи кор
Аз ниёз то ҳисобот
Ҳар як лоиҳа аз чор марҳилаи возеҳ мегузарад — то шумо бидонед, ки маблағи шумо ба куҷо мерасад.
- 01
Шинохти ниёз
Тавассути имомони маҳаллӣ, шарикон ва аризаҳо мушкилиро мушаххас мекунем.
- 02
Санҷиш ва арзёбӣ
Ба маҳал ташриф меорем, ҳолатро аз наздик мебинем ва арзёбӣ мекунем.
- 03
Иҷро бо шарикони маҳаллӣ
Кор дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ анҷом мешавад.
- 04
Ҳисобот ба хайрхоҳон
Аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва натиҷаро дар ҳисоботи ин лоиҳа мубодила мекунем.
Таъсир
100% ба лоиҳа мерасад
Ҳар сомонии шумо мустақим ба ҳамин лоиҳа равона мешавад. Хароҷоти маъмурӣ пурра аз ҷониби шарикони ширкатӣ пӯшонида мешавад.