Гузаштан ба мундариҷа
Ба лоиҳаҳо
Садақаҳои ҷория
Лоиҳа

Садақаҳои ҷория

Лоиҳаи «Садақаҳои ҷория» — иқдоми хайриявии Салиҳин барои ҳалли мушкилоти муҳими ҷамъиятӣ ва фароҳам намудани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинони деҳаҳо, ноҳияҳо ва минтақаҳои ниёзманд мебошад. Дар доираи лоиҳа корҳои дорои манфиати доимӣ амалӣ мешаванд, ки садҳо ва ҳазорҳо нафар аз онҳо истифода мебаранд.

Дар бораи лоиҳа

Моҳияти «Садақаи ҷория» дар он аст, ки манфиати кори хайр баъд аз анҷоми он низ идома меёбад: ҳар қатраи обе, ки мардум менӯшанд, ҳар беморе, ки дар бунгоҳи тиббӣ табобат мегирад, ҳар кӯдаке, ки дар мактаб таҳсил мекунад ва ҳар мусофире, ки аз роҳи сохташуда мегузарад, метавонад сабаби идомаи савоби хайркунанда гардад. Яъне: Як кори хайрро имрӯз анҷом медиҳем, аммо манфиат ва савоби он метавонад солҳо идома ёбад.

Тарзи кор

Аз ниёз то ҳисобот

Ҳар як лоиҳа аз чор марҳилаи возеҳ мегузарад — то шумо бидонед, ки маблағи шумо ба куҷо мерасад.

  1. 01

    Шинохти ниёз

    Тавассути имомони маҳаллӣ, шарикон ва аризаҳо мушкилиро мушаххас мекунем.

  2. 02

    Санҷиш ва арзёбӣ

    Ба маҳал ташриф меорем, ҳолатро аз наздик мебинем ва арзёбӣ мекунем.

  3. 03

    Иҷро бо шарикони маҳаллӣ

    Кор дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ анҷом мешавад.

  4. 04

    Ҳисобот ба хайрхоҳон

    Аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва натиҷаро дар ҳисоботи ин лоиҳа мубодила мекунем.

Таъсир

100% ба лоиҳа мерасад

Ҳар сомонии шумо мустақим ба ҳамин лоиҳа равона мешавад. Хароҷоти маъмурӣ пурра аз ҷониби шарикони ширкатӣ пӯшонида мешавад.

Ҳисоботи молиявиро дидан