
Панду Ҳикмат
Лоиҳаи «Панду Ҳикмат» — иқдоми маърифатӣ ва тарбиявии Салиҳин барои расонидани панду насиҳат, ҳикматҳои гузаштагон, маърифати Қуръонӣ, шарҳи ҳадисҳо ва андешаҳои ахлоқию тарбиявӣ ба ҷомеа мебошад. Дар лоиҳа инчунин шеърҳои пурмаъно, ки аз арзишҳои Қуръонӣ илҳом гирифтаанд, ва масъалаҳои доғи рӯз мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар бораи лоиҳа
Ҳадафи лоиҳа бедор намудани андеша, тақвияти ахлоқу маънавият ва тарбияи насли имрӯз бар пояи арзишҳои инсонӣ, ахлоқӣ ва имонӣ мебошад.
Мо аз ашъори бузургони гузашта, ҳикмату андешаҳои онҳо, оятҳои Қуръон ва шарҳи ҳадисҳо истифода мебарем, то маъноҳои пурарзишро бо забони содда ва фаҳмо ба зиндагии имрӯз пайванд диҳем.
Ҳамзамон, масъалаҳои муҳими рӯз ва мушкилоти ҷомеа низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, то сухани пандомӯз танҳо барои шунидан набошад, балки инсонро ба андеша, худшиносӣ ва ислоҳи рафтор водор созад.
Яъне:
Мо ҳикмати гузаштагонро ба забони имрӯз мерасонем, то барои тарбияи насли имрӯз ва фардо чароғи роҳ бошад.
Шиори лоиҳа:
«Як сухани нек метавонад андешаи инсонро дигар кунад.»
Тарзи кор
Аз ниёз то ҳисобот
Ҳар як лоиҳа аз чор марҳилаи возеҳ мегузарад — то шумо бидонед, ки маблағи шумо ба куҷо мерасад.
- 01
Шинохти ниёз
Тавассути имомони маҳаллӣ, шарикон ва аризаҳо мушкилиро мушаххас мекунем.
- 02
Санҷиш ва арзёбӣ
Ба маҳал ташриф меорем, ҳолатро аз наздик мебинем ва арзёбӣ мекунем.
- 03
Иҷро бо шарикони маҳаллӣ
Кор дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ анҷом мешавад.
- 04
Ҳисобот ба хайрхоҳон
Аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва натиҷаро дар ҳисоботи ин лоиҳа мубодила мекунем.
Таъсир
100% ба лоиҳа мерасад
Ҳар сомонии шумо мустақим ба ҳамин лоиҳа равона мешавад. Хароҷоти маъмурӣ пурра аз ҷониби шарикони ширкатӣ пӯшонида мешавад.