Гузаштан ба мундариҷа
Ба лоиҳаҳо
Нури илм
Лоиҳа

Нури илм

Имрӯз мактаб месозем, фардо оянда месозем.

Маориф — чароғи зиндагӣ ва мероси наслҳо.

Дар бораи лоиҳа

«Нури илм» — яке аз самтҳои садақаи ҷория мебошад, ки ба дастгирӣ ва рушди маориф, фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсил ва дастрас намудани кӯдакон ба илму дониш равона шудааст.

Дар баъзе минтақаҳои кишвар кӯдакон барои таҳсил ба синфхонаҳои номувофиқ, мактабҳои фарсуда ё шароити маҳдуд рӯ ба рӯ мешаванд. Барои мо таҳсил танҳо гирифтани дониш нест — он имкони сохтани ояндаи беҳтар барои кӯдак, оила ва ҷомеа мебошад.

Дар доираи «Нури илм» мо барои сохтмон ва таъмири мактабҳо, синфхонаҳо, китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ, инчунин таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ кӯмак мерасонем. Дар ҳолатҳои зарурӣ метавонем барои мактабҳо мизу курсӣ, тахтаи электронӣ, компютер, китобҳои дарсӣ ва дигар воситаҳои таълимиро таъмин намоем.

Ҳадафи мо ин аст, ки кӯдак новобаста аз маҳалли зист ва вазъи иҷтимоии оилааш дар муҳити муносиб таҳсил кунад, дониш омӯзад ва барои ояндаи худ имконият пайдо намояд.

Ин лоиҳа хусусияти дарозмуддат дорад: синфхонае, ки имрӯз сохта мешавад, метавонад солҳои зиёд ба садҳо кӯдак хизмат кунад; китобе, ки имрӯз ба китобхона супорида мешавад, метавонад аз ҷониби даҳҳо нафар хонда шавад; таҷҳизоте, ки ба мактаб дода мешавад, метавонад солҳои зиёд дар таълими хонандагон истифода гардад.

Видео

Лоиҳа ба чашми худ

Тарзи кор

Аз ниёз то ҳисобот

Ҳар як лоиҳа аз чор марҳилаи возеҳ мегузарад — то шумо бидонед, ки маблағи шумо ба куҷо мерасад.

  1. 01

    Шинохти ниёз

    Тавассути имомони маҳаллӣ, шарикон ва аризаҳо мушкилиро мушаххас мекунем.

  2. 02

    Санҷиш ва арзёбӣ

    Ба маҳал ташриф меорем, ҳолатро аз наздик мебинем ва арзёбӣ мекунем.

  3. 03

    Иҷро бо шарикони маҳаллӣ

    Кор дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ анҷом мешавад.

  4. 04

    Ҳисобот ба хайрхоҳон

    Аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва натиҷаро дар ҳисоботи ин лоиҳа мубодила мекунем.

Таъсир

100% ба лоиҳа мерасад

Ҳар сомонии шумо мустақим ба ҳамин лоиҳа равона мешавад. Хароҷоти маъмурӣ пурра аз ҷониби шарикони ширкатӣ пӯшонида мешавад.

Ҳисоботи молиявиро дидан