Гузаштан ба мундариҷа
Ба лоиҳаҳо
Лоиҳаи "Оиладорӣ"
Лоиҳа

Лоиҳаи "Оиладорӣ"

Оиладорӣ

Дастгирии ҷавонони воқеан ниёзманд дар бунёди оилаи солим ва мустақил.

Дар бораи лоиҳа

Ҳадафи лоиҳа дастгирии ҷавонони хушахлоқ, ниёзманд ва омодаи оиладоршавӣ аз оилаҳои камбизоат, маъюб, ятим ва осебпазир буда, фароҳам намудани шароити муносиб барои оғози зиндагии мустақил, бунёди оилаи солим ва пешгирии гирифтор шудани онҳо ба қарзҳои вазнини тӯй мебошад.

Яъне:

Мо намехоҳем танҳо як тӯйро маблағгузорӣ кунем; мехоҳем оғози як хонадонро осон намоем.

Видео

Лоиҳа ба чашми худ

Ҳикояҳо аз ин лоиҳа

Инҳо оилаҳое ҳастанд, ки шумо кӯмак кардаед

Гурдаамро барои қарзи шавҳарам фурӯхтам
Хуҷанд-2025

Гурдаамро барои қарзи шавҳарам фурӯхтам

Баротова Саида

Худованд аз ҷое мерасонад, ки интизораш нестӣ…
Рудакӣ-2025

Худованд аз ҷое мерасонад, ки интизораш нестӣ…

Аҳмадҷон

Тарзи кор

Аз ниёз то ҳисобот

Ҳар як лоиҳа аз чор марҳилаи возеҳ мегузарад — то шумо бидонед, ки маблағи шумо ба куҷо мерасад.

  1. 01

    Шинохти ниёз

    Тавассути имомони маҳаллӣ, шарикон ва аризаҳо мушкилиро мушаххас мекунем.

  2. 02

    Санҷиш ва арзёбӣ

    Ба маҳал ташриф меорем, ҳолатро аз наздик мебинем ва арзёбӣ мекунем.

  3. 03

    Иҷро бо шарикони маҳаллӣ

    Кор дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ анҷом мешавад.

  4. 04

    Ҳисобот ба хайрхоҳон

    Аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва натиҷаро дар ҳисоботи ин лоиҳа мубодила мекунем.

Таъсир

100% ба лоиҳа мерасад

Ҳар сомонии шумо мустақим ба ҳамин лоиҳа равона мешавад. Хароҷоти маъмурӣ пурра аз ҷониби шарикони ширкатӣ пӯшонида мешавад.

Ҳисоботи молиявиро дидан