Гузаштан ба мундариҷа
Ба лоиҳаҳо
Хонаи Умед
Лоиҳа

Хонаи Умед

Хонаи Умед

Кумак ба оилаҳои воқеан ниёзманд ва сазовор барои бунёди хонаи ободу амн ва оғози зиндагии шоиста.

Дар бораи лоиҳа

Ҳадафи лоиҳа фароҳам намудани шароити шоистаи зиндагӣ барои оилаҳое мебошад, ки дар миёни қишрҳои камбизоат низ аз ҳама бештар ниёзманд буда, бо сабаби фақри шадид, аз даст додани сарпаноҳ ё дигар мушкилоти зиндагӣ дар шароити бисёр вазнин қарор доранд.

Мо пеш аз ҳама ба оилаҳое кумак мекунем, ки барои бунёди манзил талош доранд, аз имкониятҳои худ истифода мебаранд ва ҳатто аз як дона хишт оғоз кардаанд, вале барои ба анҷом расонидани сохтмони хона ба дастгирии дигарон ниёз доранд.

Мақсади мо танҳо сохтани девору сақф нест. Мо мехоҳем ба як оила сарпаноҳи амн, зиндагии боиззат ва умеди фардо бубахшем.

Яъне:

Мо танҳо хона намесозем — мо барои як оила умед, амният ва ҷойи зиндагӣ бунёд мекунем.

Ҳикояҳо аз ин лоиҳа

Инҳо оилаҳое ҳастанд, ки шумо кӯмак кардаед

“11 сол аст дар қабристон зиндагӣ дорам”
Бохтар-2026

“11 сол аст дар қабристон зиндагӣ дорам”

Назриева Фотима

Ҳафтаҳо кӯдаконам нонро намедиданд...
Вахдат-2025

Ҳафтаҳо кӯдаконам нонро намедиданд...

Гулзима

Ту як гадои бехонаӣ!!
Истаравшан-2026

Ту як гадои бехонаӣ!!

Қутбинисо

Тарзи кор

Аз ниёз то ҳисобот

Ҳар як лоиҳа аз чор марҳилаи возеҳ мегузарад — то шумо бидонед, ки маблағи шумо ба куҷо мерасад.

  1. 01

    Шинохти ниёз

    Тавассути имомони маҳаллӣ, шарикон ва аризаҳо мушкилиро мушаххас мекунем.

  2. 02

    Санҷиш ва арзёбӣ

    Ба маҳал ташриф меорем, ҳолатро аз наздик мебинем ва арзёбӣ мекунем.

  3. 03

    Иҷро бо шарикони маҳаллӣ

    Кор дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ анҷом мешавад.

  4. 04

    Ҳисобот ба хайрхоҳон

    Аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва натиҷаро дар ҳисоботи ин лоиҳа мубодила мекунем.

Таъсир

100% ба лоиҳа мерасад

Ҳар сомонии шумо мустақим ба ҳамин лоиҳа равона мешавад. Хароҷоти маъмурӣ пурра аз ҷониби шарикони ширкатӣ пӯшонида мешавад.

Ҳисоботи молиявиро дидан