Гузаштан ба мундариҷа
Ба лоиҳаҳо
Фаластин
Лоиҳа

Фаластин

Бетараф нестем. То тавонем, ёрӣ мерасонем.

Кумак ба оилаҳои ниёзманд дар Фаластин бо ғизо, сару либос, кӯрпа, матрас ва сарпаноҳ дар рӯзҳои сахт.

Дар бораи лоиҳа

«Фаластин» — иқдоми хайриявии мо барои дастгирии мардуми осебдида ва оилаҳои ниёзманд дар Фаластин мебошад. Мо ба дарду ранҷи инсонҳо бетараф набуда, мекӯшем дар ҳар имконияти ба дастомада саҳми худро барои расонидани кӯмак гузорем. Бо дастгирии мардуми Тоҷикистон дар марҳилаи аввали иқдом 2 627 005 сомонӣ ҷамъ гардид. Бо сабаби баста будани роҳҳо ва маҳдудиятҳои сарҳадӣ расонидани кӯмак ба таъхир афтод. Бо фазли Аллоҳи меҳрубон, пас аз пайдо шудани имконият мо кӯмаки ҷамъоваришударо ба Ғазза расонидем. Маблағҳои ҷамъшуда ба 1500 сабади ғизоӣ, 1500 кӯрпа, 300 матрас, 800 қуттии либос ва пойафзол ва 490 рулон плёнкаи обногузар табдил ёфта, ба оилаҳои ниёзманд расонида шуданд. Ҳадафи мо идомаи дастгирии оилаҳои ниёзманд, расонидани ғизо, сару либос, маводи беҳдоштӣ ва воситаҳои зарурии зиндагӣ ва саҳм гузоштан дар рафъи мушкилоти инсонҳо дар рӯзҳои сахт мебошад. Мо ҳамаи дардҳоро нест карда наметавонем, аммо бетараф ҳам намемонем. Ҳар вақте имконият пайдо шавад, мехоҳем дар паҳлуи инсонҳои ниёзманд бошем. Сипос ба ҳар касе, ки дар ин хайр саҳм гузошт. Шумо исбот кардед: инсондӯстӣ амал аст, на танҳо сухан.

Аллоҳ аз мову шумо қабул гардонад. 🤲🏻

Видео

Лоиҳа ба чашми худ

Тарзи кор

Аз ниёз то ҳисобот

Ҳар як лоиҳа аз чор марҳилаи возеҳ мегузарад — то шумо бидонед, ки маблағи шумо ба куҷо мерасад.

  1. 01

    Шинохти ниёз

    Тавассути имомони маҳаллӣ, шарикон ва аризаҳо мушкилиро мушаххас мекунем.

  2. 02

    Санҷиш ва арзёбӣ

    Ба маҳал ташриф меорем, ҳолатро аз наздик мебинем ва арзёбӣ мекунем.

  3. 03

    Иҷро бо шарикони маҳаллӣ

    Кор дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ анҷом мешавад.

  4. 04

    Ҳисобот ба хайрхоҳон

    Аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва натиҷаро дар ҳисоботи ин лоиҳа мубодила мекунем.

Таъсир

100% ба лоиҳа мерасад

Ҳар сомонии шумо мустақим ба ҳамин лоиҳа равона мешавад. Хароҷоти маъмурӣ пурра аз ҷониби шарикони ширкатӣ пӯшонида мешавад.

Ҳисоботи молиявиро дидан