
Қадри Волидайн
Қадри Волидайн
Лоиҳаи «Қадри Волидайн» — иқдоми хайриявӣ барои дастгирии падарону модарони солхӯрда, танҳо ва ниёзманде мебошад, ки дар давраи пирӣ ба нигоҳубин ва ёрии фарзандон ниёз доранд, аммо аз он маҳруманд. Мо ҳамчун фарзанд дар паҳлуи чунин падару модарон истода, бо маблағҳои хайрия ба онҳо нафақаи иловагӣ ва дигар кӯмакҳои заруриро мерасонем.
Дар бораи лоиҳа
Ҳадафи лоиҳа дастгирии падару модарони солхӯрда, танҳо ва воқеан ниёзмандест, ки дар пирӣ ба ғамхорӣ, нигоҳубин ва дастгирии молиявӣ эҳтиёҷ доранд, вале бо сабабҳои гуногун аз ҷониби фарзандон ба қадри кофӣ дастгирӣ намешаванд.
Мо кӯшиш мекунем нафарони воқеан арзандаро муайян намуда, вобаста ба эҳтиёҷи онҳо бо нафақаи иловагӣ ва дигар кӯмакҳои зарурӣ фаро гирем. Ин кӯмак метавонад барои хариди маводи ғизоӣ, доруворӣ, либос, хароҷоти рӯзгор ё дигар ниёзҳои муҳими зиндагӣ равона гардад.
Мо бовар дорем, ки пирӣ замони танҳоӣ ва фаромӯшшавӣ нест. Падару модароне, ки як умр барои фарзандон заҳмат кашидаанд, сазовори эҳтиром, ғамхорӣ ва зиндагии боиззат мебошанд.
Яъне:
Агар фарзандон фаромӯш кунанд, мо фаромӯш намекунем. Ҳамчун фарзанд дар паҳлуи падару модарони ниёзманд меистем.
Тарзи кор
Аз ниёз то ҳисобот
Ҳар як лоиҳа аз чор марҳилаи возеҳ мегузарад — то шумо бидонед, ки маблағи шумо ба куҷо мерасад.
- 01
Шинохти ниёз
Тавассути имомони маҳаллӣ, шарикон ва аризаҳо мушкилиро мушаххас мекунем.
- 02
Санҷиш ва арзёбӣ
Ба маҳал ташриф меорем, ҳолатро аз наздик мебинем ва арзёбӣ мекунем.
- 03
Иҷро бо шарикони маҳаллӣ
Кор дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ва ихтиёриёни маҳаллӣ анҷом мешавад.
- 04
Ҳисобот ба хайрхоҳон
Аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва натиҷаро дар ҳисоботи ин лоиҳа мубодила мекунем.
Таъсир
100% ба лоиҳа мерасад
Ҳар сомонии шумо мустақим ба ҳамин лоиҳа равона мешавад. Хароҷоти маъмурӣ пурра аз ҷониби шарикони ширкатӣ пӯшонида мешавад.